Пероиш ва бозсозии забон (3)

د.آشوریУстод Дориюши Ошурӣ

Чи бихоҳем, чи нахоҳем, забони форсӣ бино ба зарурати тағйири зиндагӣ ва мабонии фарҳангӣ ва тамаддунии мо ниёзманди дигаргунӣ ва созгорӣ бо шароити тоза аст ва ин сайр ҳар замон шитоби бештаре ба худ мегирад. Форсизабонон мехоҳанд ба забони фалсафа ва илму ҳунари мудерн сухан бигӯянд ва вориди ҷаҳони текнулужик бишаванд ва ногузир забонашон низ ҳамчун абзори зарурии чунон шевае аз иртиботу зиндагӣ дигаргун мешавад.

Ногузирии дигаргунии забон аз назари дастгоҳи вожагонӣ ва маъноӣ аз робитаи зарурӣ ва ургоник миёни забон ва сурати тамаддун ва фарҳанг бармеояд. Ба иборати дигар, миёни сурати ҳар тамаддун ва фарҳанг ва забони он аз назари олами маъноие, ки дар забон бозметобад ва баён мешавад, робитаи зарурие ҳаст. Зеро ҳар тамаддун ва фарҳанг олами маъноии вижаест, ки одамиён бо зистан дар он он оламим аъноиро мезиянд, ки робитае саррост бо сурати модди ҳар тамаддуну фарҳанг дорад, яъне абзорҳо ва фунуне, ки одамиён барои баровардани ниёзҳои моддии худ ба кор мебаранд ва ончи аз ин роҳ тавлид мекунанд.

Бад-ин тартиб аст, ки мо бо ин пӯст андохтани торихӣ ногузир дар ҳоли аз даст додани ҳазорон вожа ва ба даст овардани ҳазорон вожаи дигарем. Ҳазорон вожаеро аз даст медиҳем, ки рӯзгоре барои мо паҳнаи олами ғайб ва ҳафт иқлими вуҷудро шарҳ мекарданд ва ном мегузоштанд, ки ҷаҳони падидор ҷуз мартабае ва ҳолае ва сояе аз он набуд. Номҳои бисёр барои ҳар пилла (зина) аз нардбоме, ки инсонро аз хок ба афлок мебурд, ба ҷаҳони асотир, ба ҳузури париёну ҷинҳо, ба ғурфаҳои биҳишт, ва аз он сӯй дигар, то асфалуссофилини дузах. Мо инҳо ҳамаро ба фаромӯшӣ месупорем, то ба ҷойи он барои ҳар чизе аз чизҳои заминӣ ва барои ҳар дастгоҳе аз бешумор дастгоҳҳои сохтаи текнулужӣ ва барои ҳар печу ҳар даста ва ҳар меҳвар ва милаи ин дастгоҳҳо ва ҳар коркардашон номе биёмӯзем, ки мардумоне дигар бар онҳо гузоштаанд. Андешае, ки рӯзгоре чашм аз замин ва “кавну фасоди” он бармегирифт, то мабдаъи собит ва азалӣ ва ноҷунбои вуҷудро бингарад, барои “сокинони ҳарами сатру афофу малакут” номҳо дошт. Ва акнун, ки он сокинонро аз ёд мебарад, ҳайрони он аст, ки ин ҳама дастгоҳи гардонро чигуна биномад. Зеро забони ӯ забони гардишу чархиш нест. Забони ӯ забони будан аст, на шудан. (1)

Дар кори пероиши забони форсӣ асоси кор мебояд бозшинохтани осебҳое бошад, ки ба ин забон, бавижа ба насри он, аз роҳи дастандозиҳои худсарона ва ношиёнаву муншиёна расидааст ва бозгардонидани он бар пояҳои дурусту устувори худ ва барои ин кор на танҳо бояд дар вожагони забон бознигарист ва онро перосту орост ва меросҳои арзандаи азёдрафтаи онро зинда кард, балки ҳамчунин бознигарӣ дар сохтмон ва таркиби иборатбандӣ – ки гирифтори балоҳои сахт шудааст – аз заруриёти ин кор аст, ва дар ин кор мояи завқи солим ва парҳез аз якдандагиҳои беҷо ва ё қиртибозиҳои бозигӯшона низ лозим аст.

Бархе нигарони онанд, ки бо ҳуҷуми вожаҳои ҷадид ва аз ёд рафтани вожаҳои куҳан, бавижа вожаҳои арабӣ, риштаи пайванди мо бо гузашта бурида хоҳад шуд. Аммо ин нигаронӣ нобаҷост, зеро ин буридагӣ ҳамакнун беш аз ним қарн аст, ки рӯй дода ва ҳар рӯз бо шитоби бештаре аз он гузашта дур мешавем. Гурӯҳе ҳанӯз фахр мекунанд, ки забони форсӣ ҳазору чандсад сол аст, ки дигаргунии асосӣ наёфта ва бамасал фаҳми забони “Шоҳнома” барои имрӯзиён низ душвор нест, ҳол он ки забони инглисӣ ё фаронса дар тӯли чандсад сол чунон дигаргун шудааст, ки забони адабиёти сесад-чаҳорсадсолаи он ҷуз барои аҳли фан фаҳмиданӣ нест. Бегумон, иллати ин амр – агар ин иддиъо чунонки бояд, дуруст бошад – он аст, ки мо тамаддуне камобеш сокин доштаем ва дар тӯли ҳазораҳо дигаргунии асосӣ дар мабонии биниш ва шеваи зиндагӣ ва ҳамчунин лавозиму абзорҳои ин зиндагӣ рӯй надодааст. Ва аз ин рӯ, дигаргунии забон низ (албатта ҷуз забони нивиштанӣ, ки сарнивиште дигар доштааст, чунонки гузашт) андак-андак ва нопайдо будааст. Бавижа, дар тӯли ҳазораи ахир шеъри дарӣ чи дар густариши доманаи ин забон, чи дар нигаҳдошти он омиле бисёр коромад будааст. Аммо акнун, ки селе аз Ғарб омада ва сурате дигар аз зиндагӣ ва фарҳангу тамаддун бар мо чира мешавад, якбора, дар арзи панҷоҳ-шаст сол, ва бавижа дар сӣ-чиҳилсолаи ахир, ҳамаи кочолу асбоби манзили Саъдӣ ва Ҳофиз ва асбобу абзорҳо ва фунуни пешаварии бозори сари гузарашон ва ҳамаи асбоби инҷаҳонии зиндагияшонро дур рехтаем ва ба ҷойи он мублмон ва фунун ва абзори фарангӣ овардаем, чунонки аз ин пас акси ҷому қадаҳ ва сабӯ ва минои Хоҷа Ҳофизро ҳам бояд дар вожаномаҳои мусаввар дид ва ҳамчунин ҳамаи асбобу абзорҳои дигари он зиндагиро. Ин аз “фарҳанги моддии” эшон (ба қавли уламои иҷтимоъӣ), ки аз он, ба баракати хомӯшиҳои барқ танҳо шамъ мондааст, он ҳам бе парвонае, ки аз сӯхтан парво кунад ё накунад! Ва чи бояд гуфт аз “фарҳанги ғайримоддии” ишон, яъне аз қиссаи Ҳоруту Морут ва Таҳмураси Девбанд ва нози Юсуф ва ҳусни Ширин, ё аз парвози одамӣ аз саро (хоки намнок) то Сурайё?

Ман гумон мекунам, ки то яке ду насли дигар мо ҳам бо забони Ҳофиз ва Саъдӣ ҳамон нисбатеро хоҳем дошт, ки инглисиҳо бо забони Чосер ё Шекспир доранд. Рӯзгоре буд, ки дар ин сарзамин шеър мояи ҳаётии фарҳанг буд ва ҳамаи мардум, аз орифу омӣ, барои мусиқӣ ва вазни шеър гӯше ҳассос доштанд ва ночор буданд, ки арӯзи Шамси Қайс бидонанд, то бифаҳманд, ки ин иборат вазн дорад ё на. Аммо имрӯз ин ҳассосияти табиъӣ ва “ғаризӣ”, ки аз зистан дар зистбуми фарҳангӣ ва касби “ғариза”-ҳои фарҳангӣ ҳосил мешуд, рафта-рафта аз даст меравад, зеро дигар шеър чандон мояи ҳаётии фарҳанги мо нест. Ва ба ҳар ҳол, дорем чаҳорнаъл ба сӯи фарҳанг ва ҷаҳони текнулужик метозем ва дар чунин ҷаҳону чунин фарҳанге шеър чи гуна метавонад мояи ҳаётии фарҳанг бошад? Ва онҳое, ки гумон мекунанд бо донистани маънои изтиноъу истиҳош ва истихфофу истиъонат ва ё дуруст нивиштани онҳо риштаи пайванди худро бо фарҳанги гузашта нигоҳ медорем, чи бегонаанд бо маънои ботинии фарҳанг ва торих ва зиндагии башарӣ!

Ва аммо дар боби наср: Мо имрӯз ба забони наср беш аз гузашта ниёз дорем, зеро дар гузашта ҳамаи он чизҳоеро, ки лозим буд бинвисанд, аз сари тафаннун ё ба ҷиҳоти дигар, ба забони назм метавонистанд бигӯянд ва мегуфтанд. Аммо имрӯз бо даромехтагӣ бо фарҳангу тамаддуни ғарбӣ ва ниёзи ногузир ба баёни ончи аз он сӯи ҷаҳон ба мо мерасад, ногузирем, ки забони насрро, ки ба дасти забонбозони торих ва тазкиранивис ё қулунбагӯёни фалсафа ва фиқҳу калом ва ирфоннивис ба ҳаюлое тануманд, аммо бо поҳое алилу гирифтори тангии нафас ва ҳазор бемории дигар бадал шудааст, бипероем ва бозсозӣ кунем. Баростӣ, мо ба як осебшиносе ҷиддӣ ниёз дорем, то осебҳоеро, ки аз роҳи дастандозиҳои худсаронаи ин гурӯҳ ба забони форсӣ расидааст, баррасӣ кунад. Ва барои ин кор бояд истоду шак кард. Ва шак карду пурсид: Аз ин ҳама луғатҳо ва истилоҳҳо ва қолабҳои иборатӣ ва иборатҳои қолабӣ, ки ба зарбу зӯри ин ҷамоъат вориди насри форсӣ шуда, кудомҳо дурусту ҷонишиннопазир ва дорои бори маъноӣ ва торихии ҳақиқӣ аст ва кудомҳо порасангҳое гулӯгир, ки ба забони форсӣ зӯрчапон шудааст.

Ин сайри ҷонишин шудани вожаҳо ва таркибҳои аҷиби арабӣ-форсӣ (бавижа дар заминаи феълҳо) чиро пайдо шуда ва чиро бояд онҳоро ҳамчун меросҳои ногузири забони форсӣ пазируфт? Чиро ба ҷойи “гусехтан” ё “буридан” нахуст гуфтаанд “қатъ кардан” ва сипас “мунқатеъ намудан” ва сипас “инқитоъ ҳосил намудан”, ва ё ба ҷойи “бозгаштан” гуфтаанд “ба итмом расидан”, “ихтитом ёфтан”, “муаддо ба… шудан” ва даҳҳову садҳо ва ҳазорҳо намунаи дигар, ки танҳо фоидашон анбоштани ҳофиза аз мутародифҳои зоид аст. Ҳосили ин гуна рафтор бо забон чи будааст?

Нахуст ин ки дастгоҳи гарданда ва гардонандаи забон (яъне феъл) дар забони форсӣ фалаҷ шудааст (гӯё вируси таъарруб нахуст ба силсилаи аъсоби забон ҳамла мекунад). Мо тамом ё бештари феълҳои басит ва сарфшудании форсӣ феълҳои таркибии зишту ноҳанҷор ва даступогир ба кор мебарем, ки на танҳо сарфи онҳо душвор аст, балки муштақсозӣ аз онҳо ва сохтани анвоъи таркибҳои лозим аз онҳо ношуданист. Натиҷаи ин гуна рафтор бо забон ин будааст, ки феълҳои баситу зебо ва иштиқоқпазири форсиро фаромӯш кардаем (монанди шикебидан ва шигифтидан ва паноҳидан, ва даҳҳо монанди онҳо). Ё ба ҳавзаи забони адабӣ ва шоъирона табъид кардаем (монанди гусехтану раҳидан ва шитофтан, ва даҳҳо монанди онҳо ва ба ҷои онҳо “мунқатеъ кардан” ва “истихлос ҳосил намудан” ва “таъҷил намудан”-ро ба кор бурдаем!). Ва ё ба қиёси ҳамин феълҳои таркибӣ феълҳои содаи форсиро ба сурати таркибӣ ба кор бурдаем ва ба ҷои “кӯшидан” гуфтаем “кӯшиш ба амал овардан” ва ҳатто гоҳе ин корро ҳам накардаем ба ҷои “рабудан” гуфтаем “сирқат ба амал овардан!”

Осебшиносии забони форсӣ ба ҳамин ҷо поён намеёбад, балки бояд дид, ки чиро “маъаззолик” ва “камокон” ҷои “аз ин рӯ” ва “бо ин ҳама” ва “ҳамчунон”-ро гирифтааст ва ҳамаи он чизҳои дигаре, ки ба хушоянд ва фазлфурушии ҳар муншию мирзобинивиси дигаре ба “лисони азб-ул-баёни форсӣ” роҳ ёфта ва як забони чобуку сабукъинонро ба ҳаюлое нимаҷон бадал кардааст.

Албатта, дар ин осебшиносӣ бояд пазируфт, ки ба сабаби баҳрамандии мо дар тамаддуни исломӣ ва ҳамчунин дар парваришу болондани он, вожаҳои бисёре ҳаст, ки ҷузъи мероси маънавию фикрии ин тамаддунанд ва онҳоро бояд пазируфт. Аммо инҳо кудомҳо ҳастанд? Бидуни шак, шумориши онҳо корест душвор ва писанду нописанд ҳар кас метавонад феҳристи онҳоро бисёр баланд ё кӯтоҳ кунад. Аммо гузашта аз хушоянд ё нохушоянд, санҷаҳои мантиқӣ ҳам барои перостани забон метавон дошт. Муҳимтарин санҷа он аст, ки калима то чи ҳад дар дастгоҳи забон гуворда шуда ва ҳамчун порае табиъӣ аз он даромадааст. Вожаҳое монанди фаҳмидану рақсидану талабиданаз намунаҳои бисёр хуб барои ин санҷа ҳастанд. Дар ин се масдар решаи арабиро бо аломати масдарии форсӣ таркиб кардаем ва феъле сохтаем, ки тамом сарф мешавад ва ҳатто сифоте монанди фаҳмида ва рақсон ва талабида ва наталабида ва ё феъли мутаъаддии дигаре монанди фаҳмондан ва рақсондан ва ё таркибҳои сифатӣ, монанди хушфаҳму хушрақс ва ҷуз инҳоро аз ин решаҳо сохтаем (ва бигзарем, ки удабои мо исрор доранд, ки ба ҷои фаҳмидану фаҳмондан бигӯянд тафаҳҳум ва тафҳим ба ҷои талабҳо бигӯянд мутолибот ва ба ҷои рақсидан бигӯянд тараққус). Бегумон, инҳо намунаҳоест аз инки завқи дурусту солими аҳли забон чизеро аз забони дигар вом гирифта ва дар дастгоҳи забонии худ ҳамчун ҷузъе табиъӣ аз он ва бино ба табиъати забон ба кор гирифтааст. Аммо, дар айни ҳол, садҳо вожаи дигар дорем, ки на танҳо дар дастгоҳи забон гуворда нашуда ва дар андома (уогонисм)-и он ҷазб нашуда, балки ҳамвора ҳамчуни луқмаҳое ногувор ё бадгувор барои забони форсӣ мояи нафху (бод гирифтану) рӯдил (гаронии меъда) будаанд ва на танҳо бори забонро аз назари вожагон сангин кардаанд (ва медонем, ки бор доштани забон нишонаи юбусат аст!), балки пайравӣ аз қоъидаҳои сарфию наҳвии арабӣ дар корбурди онҳо душвориро садчандон кардааст.

Ва аммо дар кори перостани забон то кунун чи басо дидгоҳе нодуруст фармонфармо будааст, яъне ба ҷои онки ба масъала аз дидгоҳи коркардӣ (функсиюнал) бияндешанд, ҷиҳати дид бештар носиюнолистӣ будааст ё бозигӯшӣ дар саранивисӣ (ки намунаҳои онро дар гузашта низ аз Вассофалҳазра то Яғмои Ҷандақӣ дорем). Бидуни шак, ин дидгоҳ моро ба бунбастҳо ва гирифториҳои фаровон мерасонад. Ин дидгоҳ ҳам аз он шохае аз аҳли қаламфарсоист, ки чи басо бархурде ҷиддӣ бо масоили андешаӣ ва фарҳангии ҷадид ё қадим надоранд ва поксозии забон аз вожаҳои бегона (ва бавижа арабӣ) барои эшон навъе бозӣ дар баробари арабмаобии гурӯҳи дигар аст. Бояд донист, ки доштани як забони сара, яъне бе ҳеч омехтагӣ бо забонҳои дигар, ношуданист. Он чи аз омезиши фарҳангҳо ва бархӯрдҳои торихӣ ба бор меояд ва дар забон бозметобад, чи басо ба тавонгар кардани фарҳангу забон меанҷомад. Ва эй басо забонҳои кӯчаки маҳаллӣ, ки аз баракати қарор гирифтан дар гузори як таҳаввули бузурги торихӣ ва рушди тамаддунӣ, ба забонҳое борвар ва ҷаҳонӣ бадал шудаанд. Намунаи он ҳамин забони форсии дарист, ки аз баракати ҷаҳиши фарҳангии мо дар матни фарҳанги исломӣ ва ривоҷи шеъру наср, чанд сада забони адабу зарофат ва сухансанҷӣ ва суханофаринӣ дар бахши бузурге аз Осиё буд. Ва фаронсаву инглисии имрӯз ҳам чунин саргузаште доранд. Гусехтани яксара аз гузашта на шуданист, на дуруст. Аммо гузаштаро якҷо ва кӯрона пазруфтан ҳам дастикам дар ин замона на шуданист ва на дуруст. (2) Фарҳангу забоне, ки ҳазору чандсад сол пешина дорад, ногузир фарозу нишебҳои бисёр доштааст ва дар ин хонаи қадимӣ афзун бар чизҳои гаронбаҳои камёб бисёре ҳам хиртупирт ва ошғолу зубола ҳаст, ки аз зиндагии дерина дар он бозмондааст. Бояд инҳоро аз ҳам ҷудо кард ва фарқ гузошт. Чизҳои арзанда ва гаронбаҳояшро гардгирӣ кард ва сари тоқча гузошту ошғолҳояшро берун рехт. Мақсуд ин аст, ки ҳар торихе, аз онҷо ки як зиндагӣ аст, мисли ҳар одаме ганду касофатҳои худро низ дорад. Гоҳе ҳам бояд сифуни торихро кашид, вагарна бӯйи ганду касофат ҳамамонро хафа хоҳад кард!

Боре, сухан бар сари ин буд, ки пероиши забонро то ба куҷо метавон пеш бурд. Бешак, ин кор бастагӣ ба завқу писанд ва ҳамчунин ҳавзаи кори мо дорад ва ҳар кас метавонад бардоште дигар аз он дошта бошад. Аммо назаре ба насри форсии сӣ-чиҳилсолаи ахир нишон медиҳад, ки гароише ҳамагонӣ ва куллӣ дар ҷиҳати пероиши забон дар кор аст, ки камобеш ҳамаи аҳли қалам дар он ширкат доранд. Ва имрӯза ҳар кас, ки асбоби лозимро барои кори нивисандагӣ дошта бошад, беҳтар аз нивисандагони сӣ-чиҳил соли пеш менивисад, яъне равонтар, содатар, бо вожаҳо ва таркибҳои зеботар ва бо гароише ба забони гуфтор ва шеъру насри куҳан ва дастури дурусти забони форсӣ.

Ба ҳар ҳол, дар кори пероиши забони форсӣ асоси кор мебояд бозшинохтани асбобҳое бошад, ки ба ин забон, бавижа ба насри он, аз роҳи дастандозиҳои худсарона ва ношиёнаву муншиёна расидааст ва бозгардонидани он бар пояҳои дурусту устувори худ ва барои ин кор на танҳо бояд дар вожагони забон бознигарист ва онро перосту орост ва меросҳои арзандаи аз ёд рафтаи онро зинда кард, балки ҳамчунин бознигарӣ дар сохтмон ва таркиби иборатбандӣ – ки гирифтори балоҳои сахт шудааст – аз заруриёти ин кор аст ва дар ин кор мояи завқи солим ва парҳез аз якдандагиҳои беҷо ва ё қиртибозиҳои бозигӯшона низ лозим аст.

Дунбола дорад…

Понивисҳо:

1. Забони форсӣ барои баёни мафоҳиме, ки дар онҳо “шудан” (сайрурат) баён шавад, аз лиҳози доштани феъл ё исми феъл дар баробари забони инглисӣ бисёр камтавон аст, ва иллат чи басо ҳамон бошад, ки ишора кардем, яъне инки забони форсӣ забони будан аст, на шудан (ва метавон интизор дошт, ки ин ҳукм дар мавриди дигар забонҳои шарқӣ ҳам дуруст аз об дарояд), зеро мардумоне, ки ба ин забон сухан мегуфтаанд ва бо маниши шоъирона дар матни тамадуне динӣ мезистаанд, таваҷҷуҳашон бештар ба илми ғайб, яъне ҷаҳон сокини азалӣ, будааст, то ин “ҷаҳони гузаро”, ки барои он чандон эътибор ва арҷе намешинохтаанд. Ҳол он ки забоне монанди инглисӣ, ки дар матни тамаддуни Ренесонсӣ парварда шуда ва забони илму ҷаҳонбинӣ ва тиҷорату сиёсати ҷадид аст ва чашмаш дӯхта ба ин ҷаҳону кавну фасоди он, барои баёни ин ҳама “шудан” худро басеҷидааст.

2. Яксара ва кӯрона пазируфтани гузашта нишонаи суннатпарастии хушку сатарван аст ва якҷо рад кардану ба чашми хорӣ нигаристан дар он низ ғарбзадагӣ аст. Беарҷ ангоштани ниҳонии он ва “муҳаққиқона” ва “мутатаббеъона” рӯбарӯ шудан бо он низ ғарбзадагии мусташриқона аст. Гузаштаи мову имрӯзи мо бояд бо якдигар бархӯрди санҷишгарона ва мутафаккирона дошта бошанд, то маънову арҷу арзиши нисбии якдигарро рӯшан кунанд (нигоҳ кунед ба мақолаи “Эроншиносӣ чист”, ба ҳамин қалам).

Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ” аст, ки дар китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”, Теҳрон, нашри Марказ, омадааст.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*