Вожаҳои порсӣ дар арабӣ

فارسی عربیБо он ки шумори вожаҳои арабӣ дар забони порсӣ фаровон аст, вожаҳои бисёре низ аз забони порсӣ ба забони арабӣ роҳ ёфтааст. Дар садаи фарҷомин дониста шуда, ки шумори анбӯҳе аз вожаҳои забони арабӣ аз забонҳои равоманд дар Миёнрӯдони бостон ва забонҳои эронӣ ва ҳамчун порсӣ баргирифта шуда ва сипас баробар бо забони арабӣ дучори дигаршудагиҳои овоӣ шуда ва аз он вожаҳои дигар баргирифта шудааст.

Баҳри донишмандони эронӣ (чун бузургтарин ва пуршумортарин нависандагони навиштори арабӣ) дар роҳёбии вожаҳои эронӣ ба ин забон ва ҳатто сохти дастури забон барои он бисёр чашмгир будааст. Бозшиносии вожаҳои андаршуда ба Қуръон ва забони арабӣ ҳамвора кори содае нест ва ниёз ба ошноӣ бо забонҳои дигари равоманд дар сарзамин ва низ бунёдҳову дастурҳои забоншиносӣ ва решашиносии вожаҳо дорад. Аз ҳамин рӯй аст, ки бархе нависандагони сарагаро бе жарфнигарӣ ва огоҳии боиста бисёре аз вожаҳоеро, ки дар нигоҳи нахуст арабӣ менамоянд, танҳо аз рӯи десаи (шакли) берунии он ва воҷҳои он арабӣ мепиндоранд ва ин ёдмонҳои гаронмоя ва фаромӯшшудаи забони порсӣ ва дигар забонҳои эрониро ба содагӣ ба канор мениҳанд. Чунин вожаҳое бавижа дар густараи дониши ахтаршиносӣ бисёр фаровон ҳастанд.

Яке аз китобҳои гаронсанг дар бораи шиносоии вожаҳои порсӣ дар арабӣ китоби “Ал-алфоз-ал-форсият-ал-муъарраб (Бейрут, 1907), навиштаи Ассаид Аддӣ Шер Асурӣ (1867-1915 милодӣ), забоншинос ва коршиноси забону фарҳанги сурёнӣ аст. Аддӣ Шир усқуфи калисои котулики калдонӣ ва зодаи шаҳри Каркук буд. Ӯ дар ин китоб ҳамроҳ бо шиносондани вожаҳои порсӣ, ки ба забони арабӣ роҳ ёфтаанд, овардааст, ки забони арабӣ оканда аз вожаҳои порсӣ ва забонҳои дигар аст ва ин вожаҳо ба гунае дигардесӣ шудаанд, ки бозшиносии решаи онҳо аз душвортарин пажӯҳишҳои решашиносӣ аст.

Ин китоби арзанда акнун пас аз гузашти як сада аз парокуниши нахустинаи он ба кӯшиши оқои Саидҳамиди Табибиён ба порсӣ баргардонда ва парокуниш шудааст ва метавонад роҳгушое бунёдин дар андарёфту шинохти вожаҳои порсӣ бошад.

Баргирифта аз Фарҳангистони забони порсӣ

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*